Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Имрӯз пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида, масъалаи ташкилӣ, интихоби раиси шӯроро дида баромад.

Дар чорабинӣ муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон     Файзизода  Исмоил,  муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева, роҳбарони бахше аз сохторҳои дахлдори мақомоти маҳаллӣ иштирок намуданд.             

Иштирокчиёни пленум мутобиқи барномаи он ҳайати нави роҳбарияти Шӯро, аз ҷумла раиси Шӯроро интихоб намуданд.Ба сифати раиси шӯро Шодигул Худобахш интихоб гардид.

Дар пленум аз ҳамкориҳои муттасили иттифоқҳои касаба бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ изҳори қаноатмандӣ карда, ба фаъолияти минбаъдаи кормандони ин ташкилоти бонуфуз барору комёбиҳо таманно карда шуд. Бо ҳамин пленум ба кори худ анҷом бахшид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.