ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Роҳ ба сӯи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон кушода шуд

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Роҳ ба сӯи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон кушода шуд

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» баргузор гардид, роҳ ба сӯи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи ҶТ кушода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.

Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.