ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Малайзия дар бораи рӯйдодҳои ахир дар сарҳад иттилоъ дод

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Малайзия дар бораи рӯйдодҳои ахир дар сарҳад иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Қамарудин Ҷаъфар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон ба он ҷониб дар бораи рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон иттилоъ дода, сабабҳои сар задани муноқиша ва талафоти шаҳрвандонро ба таври муфассал шарҳ дод.

Ҳамчунин зимни мулоқот раванди тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе доир мегардад, матраҳ гардид.

Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Малайзия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст

Leave a Comment

Your email address will not be published.