Раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Узбекистон дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Узбекистон дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Тошканд мулоқоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилло Рафиқов баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва раванди иҷрои бандҳои Ёддошти ҳамкорӣ миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ҳарду кишвари дӯст ба имзорасидаро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон, ки ҳамзамон масъулияти Котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои Осиёи марказиро ба уҳда дорад, оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатиии шӯро маълумот пешниҳод намуд.

Маликшо Неъматзода зимни мулоқот ба ҳамтои узбекистониаш оид ба воқеаҳои рӯзҳои охир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода маълумоти муфаассал пешниҳод намуд.

Мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаи дуюми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.