ВАҲДАТ. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

ВАҲДАТ. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳмилоти миёнаи умумии №71 шаҳри Ваҳдат бо иштироки сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, намояндаи Раёсати молияи шаҳри Ваҳдат, кормандони шуъбаи маориф, директорон, муҳосибони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ва раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф доир гардид.

Дар ҷаласаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, Раҳимов Қурбоналӣ, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумотномаи Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии асолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи таҳлили ставкаи корӣ ва музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ дар вилояти Хатлон (шаҳри Норак ва ноҳияи Фархор) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор)» шинос намуд. Баъди музокира ва натиҷагирии маълумотномаи мазкур ба директорон, муҳосибони муассисаҳои таълимӣ оид ба дуруст ҳисоб намудани соатҳои навбатдории кормандони соҳаи маориф,, риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, дуруст ба роҳ мондани тартиби пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулӣ) барои кори шабона, кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат, тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулӣ) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид ва аз ҳисоби маблағҳои корфармо аз муоинаи тиббӣ ройгон гузаронидани кормандон, тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.