ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Самизода Мӯсобек Самӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти суғд зимни ифтитоҳи чоарбинӣ зикр дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва ташаккули забони давлатӣ шароити мусоиди қонунӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуд. Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ аз санҷишу имтиҳонҳои сангини таърих гузашта, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

Дар ин чорабинӣ инчунин муовини аввали Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Обидзода Нуъмон Юлдошӣ ва муовини Сардори раёсати маорифи вилоят Сайфуллохон Раҳматов иштирок ва баромад намуданд.

Устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Салоҳиддин Ӯзбеков дар бораи рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ маърӯзаи илмӣ намуд. Дар охири чорабинӣ ба 4 нафар устодони кафедраи забони тоҷикӣ ва 2 нафар донишҷӯёни фаъоли он, барои тарғибу ташвиқи забони давлатӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд супорида шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.