Боздидаз Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ дар шаҳри Алмаато  ва иштирок дар таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ

Боздидаз Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ дар шаҳри Алмаато  ва иштирок дар таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ

Имруз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Маликшо Неъматзода – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ташаббуси Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато аз Факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ боздид ба амал оварда, дар таҷлили рузи забони давлатӣ, ки бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Маркази фарҳанг ва забони тоҷикии назди Донишгоҳи мазкур ташкилу баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Пеш аз оғози чорабинӣ Декани Факултети шарқшиносӣ хонум Ен Наталя ба меҳмонон дар бораи фаъолияти илмии Факулет маълумот дода, бо имконот ва шароити таълимӣ шинос намуд.

Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ, ки дар баробари ҷавонони тоҷик, донишҷуёну омӯзгорони ин даргоҳи илм буданд, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода ва Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавзӯи. “ Забони миллат- ҳастии ммллат” баромад намуданд. Ҳамзамон двр чорабинӣ донишҷӯен дар назди иштирокчиён бо забони тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд. Ҷашни рӯзи забони модарӣ дар шаҳри Алмаато хушу хотирмон баргузор гардид. 

07.10.22

Алмаато-Қазоқистон

Leave a Comment

Your email address will not be published.