Баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ

Баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ

Санаҳои 7-12 октябри соли ҷорӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба иди касбӣ “Рӯзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр” дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истаравшан бо ҷавонон ва наврасони ташкилоту муассисаҳои соҳаи муассисаҳои давлатӣ вохўрӣ оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва хештаншиносӣ доир гардид.

Дар вохўрӣ раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ ва намояндаи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин гуна вохўриҳо баланд бардоштани ҳисси ватандўстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Ин гуна вохўриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ баргузор мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.