Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол

Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба “Рӯзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр” ва бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дўстӣ байни кормандони кумитаҳои соҳавӣ санаи 12 октябри соли ҷорӣ дар Толори варзишии «Ҷашнӣ»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мусобиқаи варзишии намуди волейбол гузаронида шуд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ 5 даста, аз ҳисоби кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, агросаноатӣ ва соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусӣ иштирок намуданд.

Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ, ҷои дуюм дастаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва ҷои сеюмро дастаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят ишғол намуданд.

Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Дар доираи ҷашн чорабиниҳо идома дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.