ҶАМЪБАСТИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА, ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА 24-ОКТЯБР, РӮЗИ ИТТИФҚОҲОИ КАСАБА

ҶАМЪБАСТИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА, ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА 24-ОКТЯБР, РӮЗИ ИТТИФҚОҲОИ КАСАБА

Санаи 13 уми октябр дар толори маҷмааи варзишии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мӯсобек Самизода зимни суханронӣ дар ҷамъбасти чорабинӣ қайд кард, ки мақсади асосии ташкили чунин чорабиниҳо ин мустаҳкам намудани риштаи дӯстии байни аъзоёни иттифоқи касаба мебошад.

Дар чорабинӣ чанде аз меҳмонон аз ҷумла, Шарифулло Абдуллозода – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Усмонзода Аюб Ислом – Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров иштирок намуда, оид ба оммавигардонии варзиш, хосатан шашкаву шоҳмот ва футболи хурд фикру андешаи худро баён намуданд.

Ҳамин тариқ байни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва миёнаи касбӣ дар намуди шоҳмот ҷойи аввалро Самиева Фирӯза – корманди техникии МТМУ №5-и шаҳри Исфара ва дар намуди шашка Исроилова Ҳилола-омӯзгори МТМУ №58-и шаҳри Исфара сазовор гардиданд.

Дар намуди тенниси рӯи миз ҷойи аввал насиби Қурбонзода Шаҳноза-омӯзгори МТМУ №8-и шаҳри Гулистон гардид.

Ғолибони чорабинии варзишӣ бо маблағҳои пулӣ ва медалу дипломи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Дар намуди футболи хурд ҷойи аввалро дастаи омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан соҳиб гардида бо ҷом, медал, диплом ва 3000 сомонӣ маблағи пулӣ қадрдонӣ шуд.

Ҷайи дуюм насиби дастаи омӯзгорону кормандони маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов гардида бо медал, диплом ва 2000 сомонӣ маблағи пулӣ қадрдонӣ шуд.

Инчунин ҷойи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовор гардида бо медал, диплом ва 1000 сомонӣ маблағи пулӣ қадрдонӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо байни омӯзгорзанҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар намуди шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шудаанд. Дар умум дар вилоят 16 даста дар намуди футболи хурд байни ҳам рақобат карданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.