МАРҲИЛАИ МУОСИР ДАР ДАВЛАТДОРӢ ДАВЛАТСОЗИСТ!

МАРҲИЛАИ МУОСИР ДАР ДАВЛАТДОРӢ ДАВЛАТСОЗИСТ!

Тибқи нақша-чорбиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Хайрия” чорабини сиёсӣ баргузор гардид. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ кори маҷлисро Давлатзода Дилмурод – Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия” бо суханронии худ дар мавриди аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ оғоз карда, онро нахустин қадам дар роҳи давлатсозии миллӣ ном бурд. Дар чорбинии мазкур Неъматзода Маликшо – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Давлатзода Дилмурод – Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия”, Наботов Шукрулло – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ширифов Ҷамолиддин – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Дониш иштирок ва сухаронӣ намуданд. Неъматзода Маликшо – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар суханронии хеш қайд намуд,

ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мавқеи Сарвари давлатро нисбат ба ояндаи кишвар маълум гардонид ва аз он вақт то кунун ҳадафҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди давлати миллӣ мебошад. Сипас, Ширифов Ҷамолиддин – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” нақши калидии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар истиқрори сулҳи тоҷикон тараннум карда, иқрор намуд, ки воқеан ин ҷаласаи таърихӣ тақдирсоз буд ва алъон ҳеҷ кас шакку шубҳа надорад, ки Иҷлосия ба мо тоҷикон давлати миллиро ато намудааст. Бегумон маърӯзачиён мавзӯъро бо дарназардошти қонуни асосии илм, яъне таҳқиқу пажӯҳиш мавриди баррасӣ қарор доданд ва андешаи ин ки Иҷлосия дар ояндаи наздик ба мактаби омӯзишии таҷрибаи сиёсӣ дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор бигирад, хониши идоравии китоби Тоҷикон ва амсоли ин нутқ карданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.