КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАҚОМ ВА НАҚШИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ҶАМЪИЯТ» БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАҚОМ ВА НАҚШИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ҶАМЪИЯТ» БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Санаи 19 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мақом ва нақши иттифоқҳои касаба дар ҷамъият» ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки бори нахуст таҷлил мегардад, доир карда шуд. Дар кори конференсия намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, собиқадорони Иттифоқи касаба, раисони иттифоқҳои касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касаба, як қатор донишҷӯёни фаъол ва дигар меҳмонон ширкат доштанд. Конференсияро М.Ширинзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, аз бузургтарин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон-мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 октябри соли 2019 ибрози андеша намуд. Сипас, Раҷабзода Қурбоналӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Данғара дар мавзӯи «Истиқлолият ва иттифоқҳои касаба», Шаҳноза Маҳмадсаидзода – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар мавзӯи «Ҳамкории иттифоқҳои касаба бо корфармоён», Шарифзода Исмоил – нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ҷавонон ва иттифоқҳои касаба» ва Негматзода Азизулло – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Вахш дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касаба» маърӯза намуданд. Дар охири конференсия собиқ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Раҳматов Ҳ., музокира намуда, зикр намуд, ки дастоварди шоистаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он буд, ки новобаста ба вазъи муташанниҷи сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари миллату давлати мо солҳои аввали 90-уми асри гузашта таҳмил карда буданд, иттифоқҳои касаба ҳастии худро нигоҳ дошта, алоқаву ҳамкории худро бо омма, коллективҳои меҳнатӣ мустаҳкам намуда, рисолати асосии худ – ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳматро беш аз пеш бо масъулият иҷро карда омаданд. Баъдан, донишҷӯи курси дуюми факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, стипендиати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ба музокира баромад. Номбурда аз ташаббусҳои хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат таъкид намуда, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои марбута ба вусъат бахшидани доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникии ҷавонони имрӯза диққати аввалиндараҷаро равона намудаанд, ки ин боиси хушҳолӣ ва хушбахтии мо ҷавонон аст. Дар анҷоми чорабинӣ ҳавасмандгардонии фаъолони Иттифоқи касаба ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд, ки оиди он муфассал хоҳем навишт.

Leave a Comment

Your email address will not be published.