СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент семинари дастурдиҳї дар мавзӯи “Вазифаҳои ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият” баргузор гардид. Дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои гунонгуни шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла муҳосибон, ҳуқуқшиносон, масъулони хадамоти кадрӣ, муҳандисони техникаи бехатарӣ, иштирок доштанд.

Кори семинарро муовини раиси шаҳри Панҷакент ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Дар кори семинар Сатториён А. – муовини сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Камолзода А.Н – сармутахассиси Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ ва Бузуруков Иномхӯҷа Атабекович –мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд. Дар охир байни иштирокдорон саволу ҷавоб доир гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.