ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ

Нишонӣ: шаҳри Душабе хиёбони Рӯдакӣ 20

Почтаи электронӣ: littifoki-kasaba.tj@mail.ru 

Тамоси телефонӣ: 223-23-25

Муҳтарам алоқамандони саҳифаи ”ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ”— и сомонаи расмии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон алҳол оид ба коллективи меҳнатӣ ва шарикии иљтимоӣ дар соҳаи меҳнат таваҷҷуҳ намоед ба баромади мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Алӣ Иброҳим Саидзода:

       – Вақте, ки сухан дар бораи  коллективи меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ меравад, пеш аз ҳама Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши назар меояд. Зеро ки ин қонун ягона санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ китоби руймизии ҳар як ташкилоти иттифоқи касаба, роҳбарияти корхона ва  маъмурият бояд бошад. Кодекси мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

          Паҳлуҳои мухталифи муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷумла мавриди қабул ба кор, раванди фаъолияти корманд дар корхона, болоравӣ дар мансаб ё вазифа, музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, вақти корӣ, интизоми меҳнат,  истироҳат ва  рухсатиҳои кормандон,  ҷазоҳои интизомӣ ва билохира масъалаи  аз кор озод намудан ё худ қат гардидани шартномаҳои меҳнатӣ ва дигар паҳлуҳои муносибатҳои меҳнатӣ  дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими мушаххас ва пурраи худро ёфтааст.

      Саволе ба миён меояд, ки модоме ки ҳамаи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ дар қонун бошад, пас чи зарурати ташкили шарикии иҷтимоӣ вўҷуд дошта метавонад.

       Мо атрофи масъалаи мазкур истода мегузарем ва кушиш мекунем, ки ба ин савол ҷавоб гардонем.   

          Аз ин хотир,  мо бояд ба мафҳуми шарикии иҷтимоӣ равшанӣ андозем.  Шарикии иҷтимоӣ маҷмуи ҳамкориҳои корфармоён ва кормандон бо ширкати бевоситаи давлат ба воситаи ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бастани созишномаҳои генералӣ мебошад. Давлат дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиб ва роҳу усулҳои шарикии иҷтимоиро муқаррар менамояд.

          Бо мақсади дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расидани тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, ҷиҳати танзими муносибатҳои  иҷтимоӣ-меҳнатӣ, иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоӣ ( шарикии иҷтимоӣ), ризоияти ҷамъиятӣ, риояи қонунгузории меҳнат, таъмини шароит ва ҳифзи меҳнат, таъмини аҳли заҳмат бо маоши муносиб ва дигар паҳлуҳои муносибатҳои меҳнатӣ байни шарикони сетарафа  ва дутарафаи муносибатҳои меҳнатӣ созишномаҳо ва шартномаҳо баста мешаванд.

       Дар ҳоли ҳозир ин масъала дар боби 29 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба танзим дароварда шудааст.

Дар моддаи 297 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ба мақсади шарикии иҷтимоӣ бахшида шудааст чунин омадааст:

«Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

– татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, бо фарогирии масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;

– зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;

– таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

– гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли ихтилофотҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

– таҳким ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи бозори меҳнат.»

 Шарикии иҷтимоӣ дар шакли созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ амалӣ карда мешаванд.

Шарикии иҷтимоӣ ва тарафҳои ( субъектҳои) он  вобаста ба сатҳи шарокат ба гуруҳҳои зерин тақсим мешаванд:

             Дар сатҳи ҷумҳурӣ созишномаи  генералӣ  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад, ки айни ҳол чунин созишнома барои солҳои 2021-2023 баста шуда, мавриди амал дорад. Чи тавре, ки маълум аст, ин шарикии иҷтимоии ҷумҳуриявии сетарафа мебошад. Ин Созишнома новобаста аз соҳаи фаъолият  тамоми паҳлуҳои муносибатҳои меҳнатӣ, раванд ва тамоилҳои меҳнатӣ, мақсадҳои қонунии  тарафҳоро ба хотири таъмини ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ичтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии коргаронро дар бар гирифта, самтҳои асосии шарикии иҷтимоиро муқаррар намудааст.

         Созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020 таҳти №  701 маъқул дониста шуда,  аз ҷониби намояндагони тарафҳои шарокат  ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дорад. Дар Созишномаи мазкур паҳлуҳои гуногуни шарикӣ, аз ҷумла оид ба сиёсати иқтисодӣ, даромадҳо музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо ва сугуртаи иҷтимоӣ, инкишофи бозори меҳнат ва мусоидат ба шугли аҳолӣ, ҳифзи меҳнат, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадории тарафҳои шарикии иҷтимоӣ ( боби 8) ба танзим дароварда шудааст.

         Ба гуруҳи дуюми созишномаҳо, созишномаи соҳавӣ шомил аст, ки он ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳаи муаянро ба танзим медарорад. Ин созишнома метавонад дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва қаламрави дигар  минтақаи марзиву ҳудудӣ баста шавад, агар намояндагони се тараф дар он маҳал  фаъолият дошта бошанд, дар  ин созишнома низ се тараф метавонанд ширкат кунанд.

         Сеюм, созишномаи минтақавӣ мебошад, ки он сатҳи вилоятҳо ва шаҳру навоҳи баста мешаванд.  Тарафҳои шарикии иҷтимоии ин созишнома се  ё ду тараф буда метавонанд. Агар созишнома дар сатҳи вилоят бошад сетарафа ва дар сатҳи ноҳия бошад дутарафа мешавад. Зеро ки дар ҳоли ҳозир дар сатҳи ноҳияҳо намояндагони иттиҳодияҳои корфармоён фаъолият намекунанд. Намояндагони онҳо фақат дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо амал мекунанд.

         Созишномаҳои гуруҳи дуюм ва сеюм бо мақсади амалигардонии нуқтаҳои Созишномаи генералӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси соҳа, ва минтақаи дахлдори марзӣ-ҳудудӣ   баста мешаванд.

         Дар қонунҳои пештар амалкунанда ва Кодекси мехнат дар таҳрири нав, як тарафи созишнома давлат, мақомот ва ё ташкилот, муассисаи давлатӣ, тарафи дигар намояндаи корфармоён ва тарафи сеюм намояндагони кормандон эътироф карда шудаанд. Мо дар атрофи ду тарафи ин шарикии иҷтимоӣ камтар суҳбат мекунем, чунки он ба ҳама маълум аст, вале  дар атрофи намояндагони кормандон зарур аст, ки онро шарҳ диҳем, зеро ки он ба тафсир зарурат дорад. Таҷрибаи то ба имруз  ба даст овардашуда, созишномаҳои басташуда ва амалкунанда шаҳодат аз он медиҳанд, ки ин дар нақши ин тарафи созишномаҳо дар аксари ҳолатҳо  иттифоқҳои касабаи кишвар, намояндагони онҳо баромад мекунанд. Зеро ки ин ягона ташкилоти ҷамъиятие аст, ки дар тули таърих дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла дар кишвари мо низ худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқҳои меҳнаткашон муаррифӣ кардааст.

    Фаъолияти иттифоқҳои касаба ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни иттифоқҳои касаба , кормандон, аъзои оилаи онҳо бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад ва Оинномаи иттифоқҳои касаба ба танзим дароварда шудааст. Оинномаи иттифоқҳои касаба санади меъёрие аст, ки дар асосҳои қонунӣ қабул карда мешавад.

         Қонунгузор як тарафи шарикии иҷтимоӣ, яъне ки яке тарафҳои созишномаро «Намояндагони кормандон» ном бурдааст. Ин нуқта низ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашма гирифтааст.

         Дар қисми 1 моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин омадааст:

«Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.»

        Дар аксари ташкилоту корхонаҳо иттифоқҳои касаба таъсис шуда фаъолият мекунанд. Вале, дар амал баъди ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаштан, махсусан  таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ ( колхозҳо) ва хоҷагиҳои давлатӣ ( совхозҳо) дар соҳаи хоҷагии қишлоқ  на дар ҳамаи ин хоҷагиҳои нав ташкилшуда, ва дигар ташкилоту корхона ва  муассисаҳои навтаъсис ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ташкил ва фаъолият мекунанд. Шаҳрвандон, кормандон ҳуқуқ доранд, ки ба воситаи иттифоқҳои касаба дар шарикии иҷтимоӣ ширкат кунанд ё ҳуқуқ доранд дигар шакли намояндагии худро ба ҳайати комиссияи сетарафа, дутарафа ҷиҳати музокирот ба хотири бастани созишномаҳо ( шартномаҳо) ҳуқуқҳои худро татбиқ намоянд. Ба он хотир дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чунин омадааст, то ки  аз ҷониби иттифоқҳои касаба   ҳуқуқи муттаҳидшавии шаҳрвандон аз худ ё ки монополия карда нашавад.

      Бастани созишномаҳо ва дар амал татбиқ намудани онҳо давраи охирини шарикии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. То ин вақт аз ҷонибии тарафҳои шарикии иҷтимои корҳои зиёди ташкилӣ музокиротӣ ба анҷом расонида мешавад.

       Аз ҷумла, ба хотири таҳия ва бастани созишномаҳо тарафҳо дар теъдоди баробар дар ҷаласаҳои худ бо қарори дахлдор руйхат ва теъдоди намояндагоне ки ба ҳайати комиссияи муштарак ҷиҳати пешбурди музокирот шомил мешаванд, муайян ва муқаррар месозанд. Комиссияи мазкур матни созишномаро таҳия мекунад ва дар ҷаласа (ҷаласаҳо)   матни созишномаро омухта ба мувофиқа мерасанд.

        Тартиби таҳия ва бастани созишномаҳо бо Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи тарафҳои дигари шарикии иҷтимоӣ тасдиқ мекунад, ба танзим дароварда мешавад.

Муҳимтар аз ҳама мазмун ва муҳтавои созишнома аст, чунки он пеш аз ҳама бояд ҷавобгўи манфиатҳои қонунии тарафҳо ва дар ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон бошад.

           Таҳилҳо нишон доданд, ки дар маҳалҳо тартиби таҳия ва бастани созишномаҳо риоя карда намешаванд. Ҳатто дар баъзе мавридҳо талаботи Низомномаи дар боло зикршуда риоя карда намешаванд ва тарафҳои шарикӣ маълумот дар бораи ин низомнома надоранд. Дар баъзе маҳалҳо ба ҷои созишнома, шартномаҳои дутарафа баста мешаванд, ки ин ба манфиати кор нест. На ҳама  намояндагони тарафҳо аз мавҷудияти ин Низомнома хабардор ҳастанд ва ташкили намояндагии тарафҳо, таъсиси комиссияи муштарак ва музокиротро риоя мекунанд.

          Барои омўзиш ва таҳлили вазъи таҳия ва бастани созишномаҳо, мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амлкунанда, ҷавобгў будани онҳо ба ҳифзи меҳнат, ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳои шарикӣ ва кормандон намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар алоҳидагӣ тибқи нақшаи Федератсия ба баъзе аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташриф оварданд.

       Таҳлилҳо нишон доданд, ки  мавриди бастани созишномаҳо  комиссияи муштарак ҷиҳати музокирот ва таҳияи созишномаҳо  ва бастани онҳо шаклан таъсис дода шуда, ҳайати комиссия он вазифа ва уҳдадориҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст,  ба таври дахлдор иҷро намекунанд. Манфиатҳои тарафҳоро бо назардошти хусусиятҳои хоси соҳа, маҳал ва талаботи қонунгузорӣ ба назар намегиранд. Баъзан мушоҳида шуд, ки онҳо ин нусхаи созишномаро аз дигар сатҳ ва ё ноҳия, ки ҷавобгўи манфиатҳои ин соҳа ва ё ноҳия нестанд рубардор намуда ба тасвиб расонидаанд. Ё ба таври дахлдор баъди ба тасвиб расидан аз қайди мақомоти дахлдори давлатӣ нагузаштаанд. Рафти иҷрои созишномаҳо аз ҷониби мақоми иҷроияи шарикии иҷтимоӣ на дар ҳамаи сатҳҳо зери назорат қарор доранд ва дар ҷаласаҳои нақшавӣ мавриди муҳокима  ва ислоҳи камбудиҳо дода шудаанд.

Аз натиҷаи сафарҳо ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва тарзи дуруст таҳия ва бастани созишномаҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастурҳо дода шуд.

         Бо назардошти муҳиммияти масъалаи шарикии иҷтимоӣ,   таҳия ва тасвиби созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон дар Кодеси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон охиран ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса дода шудааст. Агар пештар дар кодекси мазкур ба ин масъала  ҳамагӣ иборат аз  3 модда ( Боби 3 моддаҳои 23- 25) бахшида шуда бошад, дар Кодекси меҳнат дар таҳрири нав  Фасли IV  бобҳои 29-32 иборат аз 37 модда  масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣро ба  танзим даровардааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлат,   бо назардошти истеҳкоми Истиқлолият ва Ваҳдат, таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа, пешрафти рузафзуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ дар шахсияти мақоми қонунгузори он  ба масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон  қадам ба қадам имкони таваҷҷухи бештар намуда истодааст ва дар оянда низ ин раванд идома хоҳад ёфт.

        Аз ҷумла дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таҳрири нав дар мавриди танзими масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ таваҷҷуҳи хоса ба тамини ҳуқуқҳои кормандон ва намояндагони онҳо ҷиҳати таҳия ва бастани ин санадҳои ҳуқуқӣ, имтиёзҳои иловагии онҳо, ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатӣ, шароитҳо ва ҳифзи меҳнат ва дигар паҳлуҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ дода шудааст.

         Дар мавриди бастани созишномаҳо қонунгузор ҳуқуқҳои бештаре ба намояндагони кормандон ва корфармоён нисбат ба тарафи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ додааст.

      Чунончӣ дар  кисми 5 моддаи 301 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст :

«5. Созишнома бо мувофиқаи тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар музокироти сетарафа иштирок мекунанд, дар сурати ба он талаб намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ намоянд.» Вале ин чунин маъне надорад, ки дар созишномаҳои сетарафа намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ширкат намекунанд. Фақат иштироки ҳар се тараф метавонад, созишномаро мукаммал созад, зеро ин санаде аст, ки аз ҷониби ҳар се тараф  ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳоро мушаххас намуда, тасдиқ мекунанд.

        Дар мавриди ба танзимдарории муносибатҳои гуногуни меҳнатӣ дар моддаҳои сершумори  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу имтиёзҳои кормандон дар шахсияти намояндагонашон ба таври равшану возеҳ мушаххас шудааст.

         Аз ҷумла ҳуқуқи онҳо дар иштирок дар музокиротҳо ҷиҳати  таҳия ва тасвиби созишномаҳо ва шартномаҳо ( моддаи 1),  розигии намояндаи онҳо дар таҳияи санади меъёрии дохилии ( локалии) ташкилот ( моддаи 1) пештар набуд,  ҳуқуқ ба назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат дар ташкилот (моддаи 4), мувофиқакунонии санади корфармо ба намояндаи кормандон ва зарурати розигии намояндаи кормандон ба лоиҳаи санади корфармо (моддаи 13) пештар набуд, ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, уҳдадории корфармо ҷиҳати ба намояндаи кормандон пешниҳод намудани маълумотҳои дуруст барои пешбурди гуфтушунидҳои коллективӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ (моддаи 19), тайир  додани шароити менати кормандон аз  чониби корфармо бо розигии намояндагони кормандон ( моддаи 31 к.4), аз ¿ониби корфармо боз доштани кори воҳидҳо (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) бо розигии намояндагони кормандон ( моддаи 33 к.1), Номгўйи сабабҳои узрнок барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан ва тартиби пардохти музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба кори дигар гузаронидани кормандро Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар онҳо баста нашуда бошанд, корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд ( моддаи 36 қ. 2) пешбинӣ шудааст.

       Яке аз проблемаҳое, ки басо баҳсталаб ва ҳамаруза мавриди баррасии байни корфармо ва кормандон ё мақомоти судӣ қарор дорад ин озод кардани корманд бо ташаббуси корфармо аст. Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасли ин баҳс нақши иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон равшан дарҷ ёфтааст. Дар қ.1 моддаи 44 чунин омадааст: «1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 42 Кодекси мазкур) баъд аз пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон сурат мегирад.»

       Ҳамчунин дигар ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба, ва намояндагони кормандон аз ҷумла дар мавриди тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон ( моддаи 59 қ.1), бо дархости намояндаи кормандон пеш аз муҳлат бардоштани ҷазои интизомии корманд (моддаи 65 қ.2), тасдиқи давомнокии кории ҳаррузаи баставӣ тибқи ҷадвали бастҳо пас аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон (моддаи 73 қ.1), ба қисмҳо тақсим кардани рузи корӣ ( моддаи 75 қ.2), муайян кардани давомнокии рўзи корӣ (моддаи 76), баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ ( моддаи 78), муҳайё кардани шароити дамгирӣ ва хўрокхўрӣ барои кормандон дар корҳое, ки аз рўи шароит имкони додани танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ надорад дар мувофиқа бо намояндагони кормандон ( моддаи 83 қ.3), муайян кардани  вақт ва навбати додани рухсатиҳои меҳнатӣ (модаи 107), муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат дар мувофиқа бо намояндагони кормандон ( моддаи 134 қ.1) ,муқаррар кардани ченаки сарфи меҳнат, меъёрҳои меҳнатии вобаста ба коркард,меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар мувофиқа бо намояндагони кормандон ( моддаи 139 қ.1) дар Кодекси меҳнат таҷассум ёфтааст.          Яке аз паҳлуҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ мукофотонидан ва ҳавасмандгардонии кормандон мебошад, заро ки ин аз як тараф ба манфиати кормандон бошад, аз тарафи дигар барои пешрафти истеҳсолот аҳамияти калон дорад.Ин масъала низ дар Кодекси меҳнат дар таҳрири нав пурра ба танзим дароварда шуда, дар ҳаллу фасли он нақши намояндагони кормандон равшан дарҷ шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.