Иҷлосиияи XVI Шӯрои Олӣ – наҷоти истиқлол ва фардои дурахшони давлати миллӣ

Иҷлосиияи XVI Шӯрои Олӣ – наҷоти истиқлол ва фардои дурахшони давлати миллӣ

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон конфронс таҳти унвони “Нақши иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ” доир гардид. Дар конфронс вакилони ин иҷлосияи таърихӣ – Ғайбулло Афзалов, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, собиқ Вазири маориф Бозгул Додхудоева, Ҳунарпешаи театру кино Майрам Исоева, ҳамчунин олимон, шоирон ва сиёсатмадорон ширкат варзиданд.

Дар нишаст аз ҷумла қайд гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар, оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид. Вазифаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дар ду самт ба таври барҷаста намудор гардидаанд.

Агар истиқлолият барои мо мустақилияту озодиро оварда бошад, ваҳдати миллӣ барои пешрафту бунёдкорӣ заминаи воқеӣ эҷод кард. Барои ҳимояи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст, ки ҳатто аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Бояд гуфт, ки он замон танҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона қувваи сиёсие гардид, ки тамоми масъулиятро дар назди таърих ва миллати тоҷик ба дӯши худ гирифт. Ин иҷлосия исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун мебарорад. Дар давраи басо мушкил ва ҳассосу ноором, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд, Эмомалӣ Раҳмон тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Дар нахустин баромади худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”. Ӯ бо иродаи қавӣ ва нияти нек халқро бовар кунонд, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳ ва оромиро пурра пойдор мегардонад. Ин суханҳо дар қалби мардуми тоҷик ҷой гирифт. Он нишона аз боварии мардум ба Сарвари давлат ва роҳбарияти кишвар буд.

Дар ҷамъомад Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.