ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба!

Бо арзи эҳтиром  ва  самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоем.
            Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як силсила ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Дар даҳсолаи аввали истиқлолияти миллӣ, иттифоқҳои касаба вобаста ба вазъи печида ва мураккаби сиёсӣ натавонист, ҳадафҳои худро дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолияти онҳо», ки 12 марти соли 1992 қабул гардида буд, роҳандозӣ намояд.

Пешвои маҳбубамон, ки худ парвардаи мактаби иттифоқҳои касаба буд, рисолати бузургеро натанҳо дар таҳкими иттифоқҳои касаба анҷом дод, балки барои ҳамрайъӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳадафҳои аслӣ ва асосии иттифоқҳои касаба мебошад, хизматҳои шоиста ва мондагореро анҷом дод.

2 августи соли 2011 Пешвои муаззами миллат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» имзо гузошт. Қонуни мазкур, таъсиси иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои онҳоро муайян намуда, муносибатҳои иттифоқи касабаро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар иттиҳодиҳояҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамоянд.

Марҳиллаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сисолаи истиқлолияти давлатӣ, маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави меҳнатӣ, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳандозӣ намудани дигар тадбирҳои иловагӣ соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди муносибатҳои меҳнатӣ бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шуд.

Бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 «Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо 2015-2017» амалӣ гардид. Барномаи нав оид ба паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид.

Имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки он ҳам ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, бори аввал, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид» аз 23 декабри соли 2021, №1819, Рӯзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр таҷлил карда мешавад.

Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба, ҷашнгирии он ба ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.

Имрӯзҳо Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Айни ҳол ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарогири 3 шӯрои вилоятӣ, як шӯрои шаҳрӣ, 17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, дар сафҳояш беш аз 910 ҳазору 300 нафар аъзоро муттаҳид менамояд.

Иттифоқҳои касаба кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқҳои конститутсиони ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд.

Дар охир шумоёнро бори дигар бо Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо тансиҳатӣ, тавфиқи кор ва ободии хонадонро таманно менамоем.

Leave a Comment

Your email address will not be published.