ҶАЛБИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА БА ОМӮЗИШ

ҶАЛБИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА БА ОМӮЗИШ

Бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории соҳаи маориф бо Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф, ҷоннок намудани фаъолияти масъулон дар шаҳру ноҳияҳо, татбиқи саривақтии нақша – чорабиниҳои муштарак дар толори маҷлисии меҳмонхонаи «Чилдухтарон»-и ноҳияи Мӯъминобод семинари муштараки Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори семинар сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят М. Ширинзода, мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони Иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулон ширкат доштанд.

Нахуст, Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят дар хусуси ҳадафи ташкили семинар, роҳҳои зуду қуллай расидан ба мақсадҳои гузошташуда, мавзӯъҳои баррасишаванда табодули афкор намуданд.

Сипас, М. Сангинов, мушовири раёсати маориф дар мавзӯи «Менеҷменти роҳбарӣ дар соҳаи маориф», С. Ёқубов, муовини сардори раёсати маориф дар мавзӯи «Тартиби сарфарозгардонӣ бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ», И. Шарипов, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят дар мавзӯи «Нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф» маърӯза намуданд.

Дар рафти семинар мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар раванди аттестатсия, аккредитатсия, роҳҳои пешгирии ҷиноят аз ҷониби хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва амсоли ин мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҳамзамон, муҳокимаи маълумотномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳтар намудани иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №197, аз 03.05.2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Шамсиддини Шоҳин, Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифта, масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ин самт муваззаф гардиданд.

Ҳамкории зич ва ташаббусҳои якҷояи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон давоми як соли охир нишон дод,ки дар самти пешрафти соҳа, ҳавасмандониву дастгирии омӯзгорону хонандагон ва баргузории чорабиниву омӯзишҳо ду ниҳод дар якҷоягӣ хубтар муваффақ гашта истодаанд. Итминон меравад,ки семинари мазкур дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бетаъсир намемонад.

Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Leave a Comment

Your email address will not be published.