Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр дар суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии «Арбоб» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин рӯйдоди тақдирсозро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд.

«Раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад»,- гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ноумедиву парешонӣ ҷомеаи моро ба дараҷае фаро гирифта буд, ки бисёриҳо ба зинда мондан ва раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи ҳалокатбор бовар надоштанд.

Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки рӯйдоди сӣ сол пеш дар ҳамин толор бавуҷудомада қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар ёдовар шуданд, ки пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Leave a Comment

Your email address will not be published.