МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ФЕСТИВАЛИ ВАРЗИШИИ НАВРАСОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ФЕСТИВАЛИ ВАРЗИШИИ НАВРАСОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

22.11.2022. Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 ноябри 2022, №631 Дар бораи баргузори намудани Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” бо ибитикори муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе кушодашавии Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш”, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони варзишии “Душанбе Арена”-и Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мудири Шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, директори муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидов, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе, мудирону мураббиёни майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар баромади хеш қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани насли ҷавони пойтахт ба варзиш, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ дар дили онҳо, талқини дӯстиву рафоқат миёни наврасону ҷавонон, дӯст доштани Ватан ва муқаддасоти он маҷсуб ёфта, Раиси муҳтарами шаҳр ҳамеша барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ватандӯсту меҳанпараст чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешанд.

Дар фестивали мазкур 70 даста бо фарогирии 800 нафар кӯдакону наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт иштирок намуда, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва дигар меҳмонон ба ҳар як дастаи иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ (либоли варзишӣ ва туб) аз номи Раиси шаҳри Душанбе тақдим карда шуд. Фестивали мазкур дар майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе то санаи 24 ноябри соли 2022 идома дошта, дар ҷамъбаст ғолибон ва фаъолон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз хоҳанд гашт.

Leave a Comment

Your email address will not be published.