ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ “ПАРЧАМИ РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА ВАТАНДОРӢ”!

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ “ПАРЧАМИ РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА ВАТАНДОРӢ”!

Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

22.11.2022. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва мудири бахши кор бо ҷавонони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷумъа иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрику таҳният гуфт ва ба таври муфассал перомуни ин рукни муқаддаси давлатдорӣ, нақши парчам дар муаррифӣ ва эътироф гардидани давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон дар ҷаҳон, саҳми беназири Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати пазируфтани ин рамзи давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи комили сиёсӣ, ободию шукуфоӣ ва рушду инкишофи мамлакат суханронӣ намуд. Сипас Маликшо Неъматов ва Шоҳзод Раҳимзода фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба Рӯзи Парчами давлатӣ, таҷлили 30 – солагии иҷлосияи таърихӣ ва дигар масоили муҳим баён карданд.

Барномаи фарҳангиву фароғатии омоданамудаи донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳо дар ситоиши Парчам, Ватан, Истиқлолият ва рақсҳои ҷолибу дилнишин иборат буд, ба ҷамъомад зебоиву шукӯҳи тоза зам намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.