Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.11.2022. Имрӯз дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид. 
Дар ҷаласа масъалаҳои “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Ахбороти Комиссияи одоби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанде аз масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар муҳокимаронии масоили марбути ҷаласа Азиззода Ш. Н. – Мушовири  бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Амонзода Ш. Ш. – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода И.Т. – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Шӯрои ҷамъиятӣ, Шодизод П.  – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷамъиятӣ,  Саидов Н. Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода М. М. – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.  
Дар ҷаласа атрофи масоили номбурда муколамаҳои намояндагони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, коршиносони мустақил ва намояндагони ахбори омма сурат гирифта, дар ин тарҳ андешаҳои ҷолибу воқеӣ роҷеъ ба амалӣ гардидани бандҳои дахлдори ин ҳуҷҷати муҳим ва рушди шуғли пурмаҳсул пешниҳод манзур карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.