ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба!

Боарзиэњтиром ва самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоем.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Президенти маҳбуби кишварамон,варзишгарону номбардорон олимону донишмандон ва хирадмандони ин сарзамин парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, халқи тоҷикро муаррифӣ намудааст.Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун як давлати узви комилҳуқуқи созмонҳо ва давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ягона ва дунявӣ бо ин ливои иборат аз се ранги дилнишинаш медонанду эътироф мекунанд.           

Дар охир, дар ин рӯзи фархунда ба шумо тансињатї, саодатмандї, некномию сарфарозї ва дар амалї гаштани орзуву ниятњои некатон пирўзиву комёбиҳо таманно менамоем.

Leave a Comment

Your email address will not be published.