Таҷлили ҷашни Парчами миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи иттифоқҳои касаба 

Таҷлили ҷашни Парчами миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи иттифоқҳои касаба 

23.11.2022. Имрӯз  дар Кохи иттифоқҳои касабаи кишвар бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи маҳфили “Ватанпарвар” -и ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Парчам рамзи Истиқлолияти Тоҷикистон ва давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар мизи  мудаввар роҳбарият ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва аъзои фаъоли маҳфили “Ватанпарвар” иштирок намуданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар назди ҳозирин дар мавзӯи “ Парчами миллӣ – парчами нангу номи мо” суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки нақши парчами давлатии мо дар боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва ифтихороти ватандории мардумамон, алалхусус ҷавонон нақши муҳим дорад. Ҳар як ҷавони миллат метавонад бо ҳунари воло ва истеъдоди баландаш дар дилхоҳ самт, илм, фарҳанг, варзиш ва ғайра дар сатҳи ҷаҳонӣ миллату давлати хешро муаррифӣ карда, боиси боло шудани парчами миллӣ гардад.Аз ҷумла ҳозирин, аъзои маҳфили “Ватанпарвар”-и ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” изҳори ақида намуданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш чанде аз ҷавонони фаъол барои саҳми муносиб дар ташвиқи ҳадафҳои неки ҳаракати иттифоқҳои касаба бо диплому раҳматномаҳои Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.