Миҷгона Самадова дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ба даст овард

Миҷгона Самадова дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ба даст овард

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона  Самадова дар  Ҷоми ҷаҳони 19 – умин оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Россия  медали тилло ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Миҷгона  Самадова дар вазни то 57 кг қувваозмоӣ намуда, то ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар финал варзишгари тоҷик мизбони мусобиқа — Евгения Лочкановаро мағлуб кард.

Ҷоми ҷаҳони 19 — умини бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар  Россия 5 декабр  оғоз шуда, то 11 декабр  идома мекунад. Дар мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён доранд. Ёдовар мешавем, ки Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки пайиҳам ба гирифтани медали тиллои Ҷоми ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа муштзанбонуи тоҷик мақоми аввалро ба даст оварда буд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.