Пешгирии зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ вазифаи ҳар як узви ҷомеаи мост

Пешгирии зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ вазифаи ҳар як узви ҷомеаи мост

Дирӯз 13 декабри соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак Ҳамоиш зери унвони “Пешгирии зуҳуроти номатлуб аз қабили Терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ вазифаи ҳар як узви ҷомеаи мост”. бо иштироки раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, директори маркази исломшиносӣ назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳмон Ғафор, муовини раиси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, Сухангӯи маркази Исломшиносӣ Абдуллои Қодирӣ, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод муовинони раиси шаҳр масъулини ташкилоту корхонаҳо, ходимони дин, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муасисаҳои шаҳр ва занҳои хонашин баргузор гардид.

Сароғоз меҳмонону иштирокчиёни Ҳамоиш аз намоишгоҳ ва дастовардҳои муассисаҳои шаҳр боздид намуданд.

Дар ҳамоиш оид ба хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир сухан намуда, баён доштанд, ки терроризм ва экстремизм раванди даҳшатборе барои ҷомеъа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб зуҳур кардааст. Дар шароити замони муосир ҳар як шахси солимфикрро лозим аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад. Ҷавонони моро мебояд, ки аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо нагарданд.

Ҳамзамон вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иброз доштанд, ки ҳар гуна муноқиша фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ногувор дар мамлакат 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд. Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.” Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ҳама соҳаҳо мутахассисони хубу болаёқат бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия карда шаванд, то барои рушду нумӯи кишвар ҳиссагузорӣ карда тавонанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолони шаҳр бо сипосномаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.