06.01.2023. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кохи иттифоқҳои касаба ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои генералӣ, шарикони ичтимоӣ ва намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён, ва ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муҳтавои “Дар бораи Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиронро бештар ба татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки 23 декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки он дастури раҳнамо барои фаъолияти пурсамар дар соли оғозшуда ва минбаъда маҳсуб ёфта самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ барои рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, шуғли пурмаҳсул, раванди муносибатҳои меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф дастуру супоришҳои судманд дода, ба ин васила барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари азизамон -Тоҷикистон, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ иқдомҳои саривақтӣ пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳайси шарики иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди хоҷагии халқи мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон тадбир меандешад. Алакай дар аксар ташкилотҳои иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои нуктаҳои муҳими ин Пайём ҷамъомаду ҳамоишҳои муҳим баргузор шуданд. Раиси Федератсия ҳамчунин дар бораи нақши ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ дар замони муосир, ва омодагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ низ мулоҳиза намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои:
“Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023”
“Дар бораи нақшаи кории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Оид ба масъалаи дигари рӯзнома “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” муовини якуми Раиси Федератсия Исмоил Файзизода баромад кард. Мавсуф фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро таҳлил намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ташкилоти иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ дар ин давра ҷаҳду талоши хешро баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои дар назди ташкилот истода ва ҳамчунин баҳри дар амал татбиқ кардани талаботи оинномавӣ равона кардаанд. Ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.
