РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОМАД КАРД

РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОМАД КАРД

09.01.2023. Имрӯз Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар доираи ҷараёнёбии лоиҳаи курси “Сарварони сиёсӣ”, ки ҳадафаш аз баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар аст, дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад кард.

         Зимни баромади хеш Маликшо Неъматзода дар назди ҳозирин роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар бобати ҷаҳду талошҳо дар ташкилу барқарорсозӣ ва такмилу таҳкими сохтори давлатдории тоҷикон, барқарор  намудани  сулҳу  суботи  комил  ва ваҳдати  пойдори  миллӣ,  таъмини  рушди  устувори  иқтисодиву  иҷтимоӣ,  таҳкими  худшиносиву  худогоҳӣ,  болоравии  ҳисси  ватандўстиву  ватандорӣ  дар  миёни  тамоми  табақаҳои  ҷомеаи  Тоҷикистон ботафсил сухан ронд.

Сониян Маликшо Неъматзода ҳамчун дастпарвари мактаби Пешвои миллат ба донишҷӯён оид ба таҷрибаи кории андӯхтаи хеш таи солҳои мадид ибрози андеша  намуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамкориҳои шарикии иҷтимоӣ миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста густариш меёбад. Дар фарҷоми нишаст ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода бо Нишони “Барои шарикии иҷтимоӣ” ва чанде аз кормандони масъули донишгоҳ бо  сипосномаю ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.