Дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва миёнаи касбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Самизода Мӯсобек Самӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Обидзода Нумон Юлдошӣ-муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Зикруллоев Шараф – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Деваштич оид ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд.