Нишонӣ: шаҳри Душабе хиёбони Рӯдакӣ 20
Почтаи электронӣ: littifoki-kasaba.tj@mail.ru
Тамоси телефонӣ: 223-23-25

Муҳтарам алоқамандони саҳифаи ”ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ”— и сомонаи расмии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бештари хонандагон ба мо бо саволҳо муроҷиат намуданд ва мудири Шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Алӣ Иброҳим Саидзода ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонид.
– Ҳангоми поймол кардани ҳуқуқҳои кормандон, махсусан саривақт надодани маош, қонунгузорӣ чи ҷазоро барои корфармо пешбинӣ намудааст?
– Дар моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки муҳлати пардохти маоши кормандон дар шартномаи меҳнатие, ки байни корманд ва корфармо баста мешавад, ё дар шартномаи коллективи, ки байни корфармо ва иттифоқҳои касабаи корхона баста мешавад, муқаррар карда мешавад. Вале, он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад.
Барои сари вақт напардохтани музди меҳнат дар моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима аз 20 то 100 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ карда шудааст.
Риоя накардани ин талабот қонуншикании маъмурӣ аст.
– Тартиби додани рухсатиҳо ба кормандон чи тавр муқаррар карда шудааст? Ба рухсатӣ нафиристодан, аз соати муайян кардаи қонун зиёд кор фармудан, қонунгузор чи ҷазоро барои корфармо раво мебинад?
-Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқи корманд ба рухсатии меҳнатӣ у тибқи руйхати рухсатиҳо, ки бо мувофиқаи байни корфармо ва иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон тасдиқ карда шудааст, ў ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд. Корфармо уҳдадор аст, ки ин талаботи қонунро риоя намояд.
Давомнокии вақти корӣ низ дар моддаи 74 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он ба таври умумӣ ё барои шароити муътадили кор 8 соат муайян карда шудааст. Истисно аз ин қоида нисбати ноболигон ва занон ва дигар категорияи кормандон ҳаст, ки он низ дар қонун муқаррар карда шудааст. Давонокии муътадили вақти кории корманд дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад, ки ин дар моддаи 67 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Риояи ин талаботҳо аз ҷониби корфармо ҳатмист, ки он ба уҳдадориҳои корфармо, ки дар моддаи 74 Кодекси меҳнат пешбинӣ шудааст, шомил карда шудааст.
Дар ҳолатҳои зиёда аз вақти кории муқаррагардида истифода намудани корманд, ё дар рузҳои истироҳат ё ид кор фармудани корманд бо розигии худи корманд сурат мегирад. Дар чунин ҳолатҳо маоши корманд дукарата ҳисоб карда мешавад.( Моддаи 154 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Барои риоя накардани талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани рухсатиҳо, вақти корӣ ва дигар талаботҳои қонунгузории меҳнатӣ дар моддаи 94 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима аз 20 то 50 нишондиҳанда пешбинӣ намудааст.
-Ошкори чунин қонуншиканиҳо ба зиммаи кӣ, киҳо вогузор карда шудааст?
-Ошкори чунин қонуншиканиҳо ба зиммаи мақоми ваколатдори давлат дар соҳаи меҳнат вогузор карда шудааст. Қонунгузор ҳамчунин ба иттифоқҳои касаба чунин ҳуқуқҳоро вогузор намудааст. Тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» барои амалӣ намудани ин ваколат қонунгузор ба иттифоқҳои касаба ҳуқуқ додааст, ки барои ошкори чунин қонуншиканиҳо нозироти ҳуқуқи меҳнат ва нозироти ҳифзи меҳнати худро таъсис диҳанд.
Айни ҳол чунин нозиротҳо дар сафҳои иттифоқҳои касаба таъсис дода шудаанд ва фаъолият доранд. Ҳамасола онҳо садҳо чунин қонуншиканиҳоро ошкор мекунанд, ва ба корфармо ҷиҳати рафъи ин қонуншиканиҳо санад, амрнома пешниҳод манзур мекунанд ва дар як вақт ба мақоми ваколатдори давлат дар соҳаи меҳнат ҷиҳати татбиқи чораҳои қонунӣ пешниҳодҳо мекунанд.
Вазифаи оѓоз намудани парвандаҳои маъмурӣ, татбиқи ҷазоҳои маъмурӣ ва барқарор намудани ҳуқуқҳои кормандон ба уҳдаи мақоми ваколатдори давлат дар соҳаи меҳнат вогузор карда шудааст. Аз ин рў дар ҳолати дучор шудани корманд ба чунин қонуншиканиҳо ў метавонад ба мақоми ваколатдор дар соҳаи меҳнат муроҷиат кунад.
Конун ҳамчунин пешбинӣ намудааст, ки шаҳрванд- коргар ҳуқуқ дорад барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудааш ба суд муроҷиат кунад.