ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 9 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи хурди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори он аъзоёни Раёсат ва Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят ва кормандони дастгоҳи кумита иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа Ҳаётзода Нурхон Шариф – раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Улмасов Раҷаб Ӯлмасович – муовини раиси кумитаи ҷумҳуриявӣ ва Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят иштирок ва баромад намуданд.

Тибқи рӯзнома дар оғоз ҳисоботи Маллаев Олимхоҷа Масиёевич барои соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуд.

Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои оиди даровардани тағйирот ба ҳайати аъзоёни Пленуми Кумита, дар бораи таъсис додани идрорпулии номии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ, дар бораи ҷудо намудани кӯмаки яквақӯтаина ба донишҷӯёни ятим ва маъюби коллеҷҳои тиббии вилояти Суғд ва ғайра тмавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти ҷаласа нақшаи корӣ барои нимсолаи соли 2023 низ тасдиқ карда шуд.

Ба ҳамаи масъалаҳои матраҳ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар фарҷом тибқи фармоиши Кумитаи ҷумҳуриявӣ барои саҳми муносибу арзанда гузоштан дар таҳкими ҳаракати иттифоқҳои касаба як қатор фаъолон бо нишони сарисинагии «Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.