Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу дар Чин соҳиби чор медали тилло гардид

Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу дар Чин соҳиби чор медали тилло гардид

           ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Гуанчжои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, соҳиби 4 медали тилло гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

         Чемпионати мазкур аз 6 то 8 январ баргузор гардида, Меҳроҷ дар ду вазн — 80 кг аз намуди ҷиу-ҷитсу ва 82 кг аз намуди Гран- При баромад намуда, дар ду вазни мазкур соҳиби 4 медали тилло шуд.          

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Меҳроҷ Камоловро президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи кишвар Раҷабалӣ Турсунзода, дӯстону наздикон, ҳаводорон ва хабарнигорон пешвоз гирифтанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.