ДАР МЕҲМОНИИ СОМОНА

ДАР МЕҲМОНИИ СОМОНА

МУСОҲИБА БО РАИСИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТ ВА ХОҶАГИИ РОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  НУРИНИСО БОБОЕВА

Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи таркибии ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон буда, рисолати ҳифзи ҳуқуқи кормандони соҳа, ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро таъмин ва аз ҳама муҳимаш дар пешбурди пайвастаи ҳаракати иттифоқҳои касаба нақши калидӣ дорад.

         Ҳамсуҳбати мо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуринисо Бобоева.

         – Ташкилоти Шумо соли сипаригардидаро бо кадом натиҷаҳо ҷамъбаст намуд?                                                                                                   

Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Иттифоқҳои касаба”, Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати раванди беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа, таъмини шароити кор ва бо музди меҳнати арзанда таъмин намудани аъзои худ кӯшиш ба харҷ додааст.

Раёсат ва кумитаи иҷроияи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунгузорӣ оид ба мењнатро яке аз самтњои муҳими фаъолияти хеш медонад ва вобаста ба ин дар ҳама манотиқи кишвар дар ҳамбастагӣ бо кормандони озоди иттифоқҳои касаба ва нозирони меҳнату ҳуқуқи ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташфиқи Барномаи шарикони сетарафа оид ба меҳнати арзанда ва музди меҳнати сазоворро талқин мекунанд.

 Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сарнозири мењнат ва ҳуқуқ дар 45- ташкилоту муассисањои шањру ноҳияҳои кишвар санҷишу омўзишҳо гузаронида шуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои кор дар самти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дастуру  амрномаҳо дода шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва авзои носолими сиёсию иқтисодии бархе аз кишварҳои олам, ҳаракати Иттифоқҳои касаба ва равнақи он ҷиҳати солимгардонии ҷомеа ва баланд бардоштани нақши шањрвандони заҳматкаш ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатию иҷтимоии онњо, басо муҳим аст.  Хушбахтона ин равандро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқ намудани қарор оиди “Рӯзи кормандони иттифоқи касаба”, ки минбаъд 24 октябр ҳамасола таҷлил карда мешавад, бори дигар собит намуд, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон шарики боэътимоди ҳукумат аст.

Вобаста ба ин қарор ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки ҳамчун иди ҷадиди касбии кормандони иттифоқҳои касаба, бори нахуст қонунӣ гардидааст, тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҷумҳуриявӣ моҳи октябр дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиши калон бо ширкати фаъолону собиқадорони иттифоқҳои касаба ва меҳмонони хориҷӣ  доир карда шуд.

– Саҳми кумита дар баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандон чӣ гуна аст?

– Яке аз масъалаҳои муҳими дигари фаъолияти иттифоқҳои касаба ин баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии меҳнаткашон аст, ки ба некўаҳволию баландравии сатҳи зиндагии аъзоён мусоидат менамояд.

Вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 оиди “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон  барои солҳои 2022-2026”, ки бо иқдоми Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, иттифоқҳои касаба ҳамчун  шарики иҷтимоӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар раванди баланд бардоштани маърифатнокии кормандон оид ба донистани ҳуқуқу озодиҳояшон ва воситаҳои ҳифзи он, ҳамкорӣ менамоянд.

        Ин барнома дар асоси талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байнанмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.

         Барои ба таври густурда ҳамкорӣ намудан бо мақомоту идораҳои давлатӣ, васоити ахбори омма, муассисаҳои таълимию илмӣ, шарикони рушд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  иттифоқҳои касабаро лозим аст, ки ҷиҳати амалисозии ин Барнома бо сарварону фаъолон дар ҷойҳо семинару машваратҳои таъсирбахшу омӯзишӣ доир намоянд. Дар ин самт аз ҷониби раёсати Кумитаи ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷадид семинари омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

-Ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнат ва умуман сатҳи иҷтимоии кормандон чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

-Бо дарназардошти тақвият бахшидан ба музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии зиндагии кормандони соҳа комиссияи дуҷонибае, ки барои ба тасвиб расидани Созишномаи байни вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмон гардида буд, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҷиҳати баланд бардоштани музди маоши  кормандони соҳаи роҳдорӣ ва механизаторони ин бахш дастурамали нави пардохти музди меҳнат (дар мувофиқа бо Вазорати молияи кишвар) ба тасвиб расонида шуд, ки он  ба баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аъзоёнамон  хизмат мекунад.

         Ҷиҳати ичроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, таҳти №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайднагирифташуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023”  Кумитаи ҷумҳуриявӣ дар ин самт корҳои муайянеро иҷро карда истодааст.

 Бо мақсади иҷрои мунтазами ин Барнома ва ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030 дар ҳамбастагӣ бо Вазорати нақлиёти кишвар таҳлилу омӯзиши ҷамъияту ташкилотҳои бо иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияткунанда, гузаронида шуд.

Ин амал боиси таъсис додани якчанд ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар ҷойҳо гашт. Ба ақидаи мо амалӣ намудани Барномаи мазкур танҳо дар сурати муккамал намудани заминаҳои пурзӯри қонунгузорӣ ва назорати қавии амалӣ гаштани он аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор ба танзим медарояд. Дар ин ҷода Вазорати нақлиёти кишвар бомайлон рақамикунонии ҳама намуди хизматрасониҳои нақлиётиро роҳандозӣ намуда истодааст, ки бевосита мушкилоти соҳаро дар самти  пинҳонкорию шуғли ғайрирасмӣ пешгирӣ намуда, боиси ба фаъолияти расмӣ оғоз намудани бисёре аз ҷамъиятҳои хусусӣ хизмат мекунад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.