ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар соли 2022 ва вазифагузорӣ барои соли 2023 дар асоси талаботи боби 4, банди 13-и Оинномаи ҲХДТ баргузор гардид.

 Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Каримзода Нилуфар “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2023” шунида шуд.

Дар музокира Неъматзода Маликшо – Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамраъйӣ” ва  Қурбонова Ширин Исмоиловна – Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баромад намуда, фаъолияти Кумитаро дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.  Тибқи рӯзномаи Маҷлис аз рӯи масъалаи дигар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Обидов Фозил оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд.

Ичунин, дар кори Маҷлис доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои нимсолаи якуми соли 2023, нақшаи амалӣ намудан ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, бозхонд ва аз нав интихоб намудани аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душабе ва ҳамзамон, оиди қабул ба сафи ҲХДТ ва тасдиқи қарорҳои таъсиси ташкилотҳои нави ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.  Дар интиҳо фаъолони ҳизб бо Сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд

Leave a Comment

Your email address will not be published.