МУРОҶИАТНОМАИ

МУРОҶИАТНОМАИ

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба

ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба муносибати

“Соли 2023 – соли ҳифзи меҳнат”

      Бо қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустаќили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2  соли 2023 – “Соли ҳифзи меҳнат” эълон карда шудааст.

      Тавре дар Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кўшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд».

       24 октябри соли 2019 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, баргузор гардид ва дар баромади худ Сарвари давлатамон баён намуданд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони  иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд. Ҳамчунин баён карда шуд, ки “Руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад. 

       Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатариикорӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатарии меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” – таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

       Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи маъюбшавии кормандон нисбати солҳои гузашта зиёд шудааст.

     Омўзиши ҳолатҳои ҳифзи меҳнат ва ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоту корхонаҳо муайян намуд, ки сабабҳои рух додани чунин ҳодисаҳо дар истеҳсолот дар сатҳи пасти касбӣ  гузарониданидастур ва омӯзиш оид ба бехатарии меҳнат бо коргарон маҳсуб ёфта, дастурамалҳо оиди ҳифзи меҳнат дар аксарияти ташкилотҳо вуҷуд надорад, кормандон бо либос ва пойафзоли махсуси корӣтаъмин карда намешаванд, аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат гузаронида намешавад, муоинаи тиббии коргарон аз ҳисоби худи кормандон гузаронида мешавад, ки ҳамаи ин ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест.

       Бо мақсади таваҷҷӯҳи корфармоёнро ба ин ҳолат ҷалб намудан Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 2023 – ро ҳамчун “Соли ҳифзи меҳнат” эълон намудааст. 

      Бо назардошти он, иттифоқҳои касаба дар фаъолияташон бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт тартиб дода шавад, ки дар он вазифаҳои зеринро ҳаллу фасл кардан зарур аст:   

– иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд;

– иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣнамоянд;

– иттифоқҳои касаба назорати ҷамъиятиро оиди муоинаи тиббии кормандон, ки маблағи он аз ҳисоби корфармо амалӣ карда мешавад, пурзӯр намоянд;

– кормандон ва корфармоён ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, пешгирии ҷарроҳати истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ дар истеҳсолот ҷалб карда шаванд;

– таъмини кормандон бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва коллективӣ; 

– ба вуҷуд овардани шароити мусоиди меҳнат вазарурии бехатарии меҳнат;

-баланд бардоштани ҳавасмандии кормандон вакорфармоён оид ба ташкили ҳифзи меҳнат;

– тарбияи кормандон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ вафаъолияти самаранок дар ташкилоту корхонаҳо.

Иттифоқҳои касаба дар ташкилоту муассиса, корхона ва хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликият, аз корфармо даъват менамоянд, нисбат ба мушкилоти иҷтимоию иқтисодие, ки мухолифи манфиатҳои кормандон ва аъзои оилаи онҳо мебошанд, роҳ надиҳанд. 

    Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Шӯроҳои вилоятӣ, кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба муроҷиат менамояд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ, корхонаву ташкилот дар маъракаи сафарбарнамоӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташаккули он, таъмини талаботҳои бехатарӣ дар ҷойи кор тадбир андешанд.

        Аз ташкилотҳои иттифоқи касаба даъват ба амал оварда мешавад, ки барои дар коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо самарабахш ташкил намудани муҳокимаи васеи масъалаҳои ҳифзи меҳнат, тарғиби он дар воситаҳои ахбори омма, бахусус рўзномаҳои тахассусии “Ҳамраъйӣ”, “Иттифоқ”, “Кошонаи умед”, “Ҳомии омўзгор”, шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои соҳавии электронӣ  гузаронидани машваратҳо ва намоишҳо дар корхонаҳо таҳти шиори «Соли ҳифзи меҳнат»чораандешӣ намоянд.

     Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон итминони комил доранд, ки амал ва ташаббусҳои иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот хизмат менамояд ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар доираи шарикии иҷтимоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон барои меҳнати арзандаву солим ва бехатарии шаҳрвандон саъю кўшиш менамоянд.

    Федератсияи иттифоқҳои касабаи     

мустақили Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published.