БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ЗЕРСОХТОРИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ЗЕРСОХТОРИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

17 январ дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи зерсохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар ифтитоҳи семинари омӯзишӣ, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи зерсохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба мебошад.

Дар семинари омӯзишӣ, раисони ташкилотҳо оид ба назорати пардохти музди меҳнат ва кўмакҳои иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба, ҳифзи манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба, намояндагӣ дар раванди шарикии иҷтимоӣ, мусоидат намудан баҳри амалигардонии сиёсати афзалиятноки давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм барои маълумоти ройгон гирифтани аъзои иттифоқи касаба, назорати ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба малакаи касбии худро такмил доданд.

Дар анҷоми семинари омӯзишӣ, раисони ташкилотҳои зерсохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо мукофотҳои молиявӣ қадронӣ гардидаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.