Мароми ҳизби мо – имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азиз

Мароми ҳизби мо – имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азиз

Имрӯз дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизбӣ натиҷагирӣ сурат гирифта, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муаян шуданд. Дар рафти кори ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар асоси рӯзнома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим оид ба натиҷаҳои фаъолият ҳисобот пешниҳод намуд. Дар музокира муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва муовини раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Зулфиқор Гулаҳмадзода  ба сухан баромаданд. Дар назди ҳозирин муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор суханронӣ намуд.

19.01.23

Leave a Comment

Your email address will not be published.