БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН

20.01.2023. Имрӯз дар Кохи иттифоқҳои касабаи кишвар пленуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон баргузор гардид.

            Дар кори он аъзоёни раёсат ва пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иштирок доштанд.

Дар  пленум масоили  тасдиқи нақшаи чорабинишои кумита оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати аъзои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2022 ва вазифаҳои он дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.