ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Муҳтарам кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ!

Бо камоли эҳтиром  ва  самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборакбод мегӯем.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  чун ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид, ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии онҳоро рисолати аввалияи хеш меҳисобад.

            Иттифоқи касаба ҳамчунин дар ҳамбастагӣ  бо мақомоти идоракунии давлатӣ дар назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба масъалаҳои муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рӯзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кумакпулиҳо ва дигар масъалаҳои ба он марбут саҳми босазо дорад.            

Дар фарҷом бори дигар шумоёнро бо иди касбиатон табрик намуда, ба шумо тансиҳатӣ, тавфиқи кор ва ободии хонадонро таманно менамоем.

Leave a Comment

Your email address will not be published.