Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пленуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пленуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори он аъзоёни раёсат ва пленуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии иштирок доштанд.Дар кори ҷаласа муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил иштирок ва суханронӣ намуд. Дар  пленум масоили  тасдиқи нақшаи чорабиниҳои кумита оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати аъзои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2022 ва вазифаҳои он дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

02.02.2023.

Leave a Comment

Your email address will not be published.