07.02.2023. Бо даъвати раиси Конфедератсияи Иттифоқҳои Касабаи Озарбойҷон Меҳбалиев Саттар ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо роҳбарии раиси воҳиди мазкур Маликшо Неъматзода ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон рафт. Дар шаҳри Боку ба муносибати 30-солагии таъсиси Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон чорабиниҳои идона баргузор шуданд. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Нематзода аз номи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Мустақили Тоҷикистон ҳамтои худро ба муносибати 30-солагии Конфедератсияи Иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон табрик намуд.

Инчунин, зимни баргузории ҷаласаи тантанавӣ Маликшо Неъматзода ба раиси Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон Саттор Меҳбалиев барои меҳнати бисерсола ва пурсамар дар ҳаракати байналмилалии иттифоқҳои касаба Нишони фахрии “Барои меҳнати шоён” тақдим намуд.