Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон мулоқоти корӣ бо Раиси Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон Саттор Меҳбалиев доир гардид.
Дар оғози мулоқот ба ҷониби Озарбойҷон барои даъват ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва Конфронси байналмилалии иттифоқҳои касаба изҳори минатдорӣ кардам. Ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз ҳамкориҳои дуҷониба байни иттифоқҳои касабаи ду кишвари дӯст қаноатмандӣ изҳор карда, омодагии хешро барои иҷрои бандҳои Меморандуми ҳамкории соли 2017 ба имзо расида, баён шуд. Бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои саҳми муносиб дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба Раиси Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон Саттор Меҳбалиев бо Нишони Фахрии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон “ Барои меҳнати шоён” сарафроз гардонида шуд.

08.02.24. шаҳри Боку.