Шодбошии кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Пагоҳ, 11 феврали соли 2023 Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зодрӯз дорад

Муҳтарам Маликшо Неъматзода,

Бо арзу эҳтиром ва самимияти беназир Шуморо бо рӯзи мавлудатон табрику муборакбод менамоем.

  Мо кулли кормандон шарафманд аз онем, ки Шумо муҳтарам Маликшо Неъматзода пайрав ва дастпавари мактаби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ташкилоти иттифоқи касабаи Тоҷикистонро сарварӣ менамоед.

Шумо солиёни зиёд дар сохторҳои мухталифи давлатӣ вазифаҳои масъулро ба дӯш дошта, ҳамчун ходими сиёсию давлатӣ баҳри пешрафти бемайлони Тоҷикистони азиз саъю  талошҳо кардаед.

Айни ҳол Иттифоқҳоии касаба, ки сарварии онро Шумо бар душ доред дар амалигардии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон  тадбирандешӣ намуда, ин масъулиятро бо маром идома хоҳад дод.

Итминони комил дорем, ки бо истифода аз малакаю таҷрибаи андухтаатон минбаъд низ тамоми нерӯи худро баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон сарф менамоед.

Дар ин рӯзи фархунда ва саид ба Шумо қабл аз ҳама тансиҳатӣ, саодатмандӣ, некномию сарфарозӣ ва дар амалӣ гаштани орзую ниятҳои некатон пирўзиву комёбиҳо таманно менамоем.

Бо эҳтиром,

кормандони Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published.