Дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти раёсати Самизода Мӯсобек Самӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи кормнадони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи иҷрои саривақтии мактубҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, “дар бораи иҷрои саривақтии нақша-чорабиниҳо оид ба корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва пешгирии терроризму экстромизм дар ташкилотҳои ҳамузв”, “дар бораи тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба”, “дар бораи баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ”, “дар бораи омодагӣ барои гузаронидани озмуни “Беҳтарин (сарнозир) нозири Иттифоқи касаба””, “дар бораи омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ” ва дигар масъалаҳои корӣ баррасӣ гардиданд.
Самизода Мӯсобек, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд зикр дошт, ки бояд раисони Иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар байни аъзоён пайваста тарғибот баранд. Инчунин раисони иттифоқи касаба бо мақсади пешгирии ҷиноятикорӣ дар байни ноболиғон, ҷавонон якҷоя бо кормандони раёсату шуъбаҳои маориф, раёсати донишгоҳу коллеҷҳо дар муассисаҳои миёна, олӣ ва миёнаи касбӣ корбарӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки нозирони меҳнату ҳуқуқ вазифадоранд, ки пайваста аз муассисаҳои садамавӣ дидан намуда, ҳар моҳ оиди ҳолати онҳо ба Иттифоқи касаба гузориш пешгниҳод намоянд.
Роҳбарияти Иттифоқи касаба зикр дошт, ки мақсаду мароми иттифоқи касаба ин пеш аз ҳама ҳифз намудани манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аъзоён аст. Аз ин лиҳоз, бояд раисони Иттифоқи касаба бо роҳбарони муассисаҳои тълимӣ ва корфармоён ҳамкории хуб ба роҳ монанд. Дар ҷаласа инчунин дигар мсъалаҳои вобаста ба фаъолияти Иттифоқи касаба баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд