Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» – 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуда, рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд.
Дар асоси қисми 1 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.
Қисми 4 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки тартиби гузаронидани рўзи истироҳатро ба дигар рўзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Аз ҳамин лиҳоз, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №566 рўзи 18 март, ки ба рўзи шанбе ҳафта рост меояд, рўзи корӣ эълон шуда, рўзи 20 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рўзаи ҳафтаи корӣ доранд, 8 март – Рўзи Модар, 19; 20; 21; 22; 23; 24; 25 ва 26 март рўзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд. Бо назардошти рўзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеи моҳи март кормандони дорои реҷаи 5 рўзаи корӣ ба 13 рўзи истироҳат ҳуқуқ доранд.