Рӯзи 2 марти соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Соли 2023 – соли ҳифзи меҳнат” бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дустии вилояти Хатлон семинари омузишӣ дар мавзӯи “ Риояи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли моликият” баргузор гардид. Дар кори семинари омузишӣ муовини аввали раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ ва Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф иштирок ва суханронӣ карда, ба суолҳои иштирокчиён посух доданд.