Тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба «Соли 2023–Соли ҳифзи меҳнат» дар ҳамаи соҳаҳои гуногун баргузории силсилаи чорабиниҳову конфронсҳо оид ба ҳифзи меҳнат назардошт гаштааст.
Санаҳои 2-3-юми марти соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд Семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур сардорони Хадамоти ҳифзи меҳнат ва мутахассисони ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, сохтмон, кимиё, нақлиёт ва комплекси агросаноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Давоми ду рўзи баргузории семинар Шарифулло Абдуллозода – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдуҷабборӣ А.–сармутахассиси Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, М.Яъқубӣ – мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Икромов Н. – мудири шӯъбаи хӯрокаи МДНСЭ-и вилояти Суғд, Ашӯров З. – мудири шӯъбаи радиологии МНДСЭ-и вилоят, Обидзода Н.Ю. – муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Бузуруков И.А. – мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва дигарон оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, инчунин муқарарот ва меъёрҳои муайян намудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат ва дигарҳо маърўзаҳо намуданд.
Сипас, байни иштирокчиён муҳокимарониҳо доир гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои меҳнат, суғуртаи давлатии иҷтимоию нафақа, оиди пешгириҳои бемориҳои касбӣ ва дигарҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва аз баргузории семинар изҳори қаноатмандии худро баён намуданд. Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокдорони семинар маводҳои методӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дастрас карда шуд.