МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ

Дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Кумитаи марказии иттифоқи касабаи комплекси агросаноати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар кори он роҳбарон ва кормандони масъули ниҳоди мазкур ширкат варзиданд.

Ҷаласаро раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи комплекси агросаноат Миралӣ Сафаров ифтитоҳ намуд.

         Дар чорабинӣ масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: Рафти иҷрои Созишномаи соҳавӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ ва КМ иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, гузориши комиссияи дуҷонибаи созишнома;

  1.   Дар бораи фаъолияти бозрасии ҳифзи меҳнати соҳа дар “Соли 2023-соли ҳифзи меҳнат”, гузориши  Давлатов А., сарнозири ҳифзи меҳнат;
  2. Оид ба ҷамъбасти ҳисоботи молиявии иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон дар соли 2022 ва тасдиқ намудани буҷет барои соли2023,  гузориши  Шуъбаи молиявӣ ва  хоҷагидорӣ,

     сохторҳои иттифоқи касаба;

  • Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”- иттифоқи касабаи КАС-и ҶТ дар соли 2022.

Баъди баррасии масъалаҳо сохторҳои зертобеи Кумита, аз ҷумла  вазифадор карда шуданд, ки ба рафти иҷрои созишномаи соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ назорати ҷамъиятӣ бурда, шароити меҳнати арзанда ва шуғли пурмаҳсули кормандонро таъмин намуда, фаъолияташонро дар самти пешниҳоди  рухсатиҳои меҳнатӣ ва мақсаднок истифодабарии пурраи маблағҳои 1,5 фоизаи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ  ба манфиати кормандон  вусъат диҳанд.

Ҳамчунин ба роҳбарияти Кумитаи  давлатии идораи замин  ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он тавсия дода  шуд, ки тибқи муқаррароти  моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти ҳифзи меҳнатро ташкил намуда, дар асоси моддаи 353 кодекси мазкур маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи меҳнатро аз манбаҳои манъ нагардидаи қонунгузорӣ амалӣ намоянд. Дар кори ҷаласа муовини  раиси Кумитаи  давлатии идораи замин  ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода ва муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.