НАҚШИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР БЕҲДОШТИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

НАҚШИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР БЕҲДОШТИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз шумули бонуфузтарин ниҳодҳои соҳавии ташкилоти иттифоқҳои касаба буда, рисолати ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро ба уҳда дошта, баҳри  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар то андозае мусоидат менамояд.

     Дар ин маврид суҳбате дорем бо раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи      кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нурхон Ҳаётзода.

Шарҳи фишурдаи ҳоли мусоҳиб

Ҳаётзода Нурхон Шариф, маълумоти олӣ дорад, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, номзади илмҳои тиб, ҷарроҳ. Дар сохторҳои мухталифи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон солиёни зиёд вазифаҳои масъулиятнок, аз ҷумла вазифаи директори  Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда  дошта, аз соли  2019 раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон. Сазовори мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста”.

         – Фаъолияти кунунии кумитаро чӣ гуна арзёби мекунед?

          – Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон фаъолияти худро дар  соли 2022 дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Кодексҳои меҳнат ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, Оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи фаъолияти  Иттифоқи касабаи соҳа барои солҳои 2021-2027 , қарорҳои Анҷумани шашуми иттифоқи касабаи соҳа, Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Федератсия ва нақшаи кори Кумита  барои соли 2022 – ро  ба роҳ монда, дар   давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

       Кумитаи ҷумҳуриявӣ дар ҳайати худ се кумитаи вилоятӣ,  4 кумитаи шаҳрӣ, 30 кумитаи ноҳиявӣ, қариб  500  ташкилоти  ибтидоӣ,  ки зиёда аз 104 ҳазор  аъзо,  аз он ҷумла  зиёда аз 19000 табиб,  наздикии 60000  ҳамшираи шафқат ва 20000 корманди хурди тиббиро, ки дар соҳа  фаъолият мекунанд, муттаҳид менамояд.   

    Аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз,  -Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022  50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда гардид.

      Бояд қайд кард, ки  сари вақт пардохт гардидани музди меҳнат дар соҳа дар  соли 2022  нисбати  соли 2021  хубтар гардида, назорат аз тарафи сохторҳои  Кумита, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷойҳо пурзур гашт.  

      Илова бар ин чи хеле, ки аз Паёми навбатии сарвари давлат бармеояд,    бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ:

– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд; Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки аз 1-уми июли соли 2023:

– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешаванд.

         – Назорати иҷрои қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки манфиатҳои кормандонро ҳимоя мекунанд, дар кадом сатҳ қарор дорад?

     – Назорати иҷроиши қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки манфиатҳои кормандонро ҳимоя мекунанд, яке аз равияҳои асосии фаъолияти  Кумита мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ   ҷиҳати беҳтару хубтар намудани тарбияи ҳуқуқии кормандону донишҷўёни соҳа, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва мафкура бо роҳи тарбияи онҳо дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳисси оштинопазирӣ ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намунаҳои дигари ҷинояткорӣ  тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021,  №565  “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” ба нақшаи кори кумитаҳои иттифоқи касабаи ҳама сатҳҳо, барномаҳои таълимии  Донишгоҳҳои олӣ ва махсуси соҳа   вобаста ба таълими кормандону донишҷўён дар соҳаи ҳуқуқи инсон тағйироту  иловаҳо ворид карда шуда, иҷрои онҳо имрўзҳо амалӣ гашта истодаанд.

         Нисбати иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019,  №599  “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”,  Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021,  №565  “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”,  дар шаҳри Душанбе марказҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур семинарҳои омӯзишию машваратҳо, онлайн конференсияҳо нисбати  риояи Конститутсия, Конвенсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Кодексҳои меҳнат, тандурустӣ,  ҳуқуқвайронкунӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи иттифоқҳои касаба”,  “Дар бораи ҷавонон”,  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»,   Соли рушди саноат, пешгирии сирояти нави Ковид-19  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ,  аз тарафи мутахассисони кумитаҳо, нозирони ҳуқуқ, олимон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои кудратӣ  дар ҷойҳо, дар  муассисаву донишгоҳхои олӣ ва махсуси соҳа барои кормандон ва донишҷўёни соҳа семинару машваратҳо гузаронида шуданд.

                   – Кумита нисбати ташкили муҳофизати меҳнат чӣ тадбирҳо андешида истодааст?

– Самти дигари фаъолияти Кумита ин назорат оид ба таъмин намудани  шароити солим ва бехатарии меҳнат мебошад. Мутобиқи фармони Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05 соли 2001,  №  203 «Дар бораи ташкил намудани муҳофизати меҳнат дар мақомотҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо  ва корхонаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин вобаста ба Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони  иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар  робита бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Бо мақсади иҷрои банди 6 – и Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2019, №25/10-229, таъмини иҷрои талаботи моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби корфармо дар ҳаҷми муайянгардида ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар давраи ҳисоботӣ    мутобиқи  нақша дар  зиёда аз  50 муассисаҳои соҳа санҷишҳо гузаронида шуд. Санҷишҳо  нишон дод, ки дар муассисаҳои соҳа дар  шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур аз тарафи роҳбарони  муассисаҳо оиди беҳтар намудани  шароити меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоён дар 86% -и муассисаҳои соҳа дар шартномаҳои коллективӣ ворид карда шуд, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

        Кумитаи ҷумҳуриявӣ чун ҳамасола бахшида ба Рӯзи умуҷаҳонии муҳофизати меҳнат – 28 апрели соли 2022,  семинари навбатии Кумита бо иштироки раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур баргузор гардид, чунин семинарҳо дар Вилоятҳои МКБ, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур гузаронида шуданд. Дар семинарҳо дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ба муносибати 28 -апрел,  “Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат” шинос карда шуда, матни он ба ҳамаи раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа баррасӣ ва дастрас карда шуданд. Раисони кумитаҳои иттифоқи касаба вазифадор карда шуданд, ки дар муассисаҳои худ дар якҷоягӣ бо роҳбарони муассисаҳо вобаста ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат семинару машварат гузаронида, ҳамаи кормандони соҳаро бо муроҷиатнома шинос намуда, онро дар даромадгоҳҳои муассисаҳо дар гӯшаҳои иттифоқи касаба ҷой намоянд, то, ки ҳамагон аз он бохабар бошанд.

       -Дар бобати ташкили истироҳат, табобати санаторию курортии  кормандон ва аъзои оилаи онҳо чанд сухан мегуфтед?

      -Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи ҷумҳуриявӣ ва қумитаҳои вилоятӣ оиди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №34 “Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” семинару машваратҳо бо раисони Кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа гузаронида  бо 339,   соли 2021 (278)  муассиса шартномаҳои сетарафа баста шуд, ки нисбати соли гузашта 61 ташкилот зиёд мебошад . Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ  дар ҷумҳури 2465 адад роҳхат  ба маблағи  4 млн  се ҳазору 818 сомонӣ  (1429 роҳхат кумитаи ҷуиҳуриявӣ ба маблағи 2 млн  354 ҳазору 824 сомонӣ) харидорӣ намуда ба  таври имтиёз  ба аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ, ниёзмандони соҳа ва кормандоне, ки бемориии Ковидро аз сар гузаронидаанд, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷудо карда шуданд. Соли 2022  аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи ҳифзи иҷтимоии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон   Кумита 111  роҳхат ба  111 нафар фарзандони болаёқат ва камбизоати соҳа аз шаҳри Душанбе ба маблағи 150 ҳазор  сомонӣ ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдакону наврасон “Файзи истиқлол”,  ба таври ройгон равон карда шуданд.     Дар маҷмўъ соли 2022  дар сатҳи ҷумҳурӣ дар давраи истироҳати тобистона 286 – нафар кӯдакони ятиму бепарастор, камбизоат ва болаёқати кормандони соҳа солим гардонида шуданд. Ҷамъи хароҷотҳо ба ин мақсад дар соли 2022 дар соҳаи мо 2 млн 644 ҳазору 40 сомониро ташкил дод.

         -Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнисоҳавӣ ва байналмилалии иттифоқи касаба чи тадбирҳо андешидаед?

    -Дигар вазифаи муҳиму масъулиятнок – ин мустаҳкам ва вусъат додани муносибатҳои байнисоҳавӣ ва байналмилалии иттифоқи касабаи соҳа бо иттиҳодияҳои байналмилалии иттифоқи касаба мебошад. Дар ин самт мо ҳамеша ҷидду ҷаҳд дорем, ки муносибатҳои байналмилалии мо ба мақсаду вазифаҳои Оиннома ҷавобгў бошанд. Дар давраи ҳисоботӣ мо ҳамкориҳоро бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи Аврупо, Кофедератсияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, Ташкилоти Байналмилалии меҳнат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи меҳнаткашони соҳа, ҳифзи меҳнат, пешгирии сироятӣ COVID -19 гузаронид.

 Дар ин раванд, дар арафаи арзишмандтарин ва маҳбубтарин – рўзи таърихи навини миллат, – Рўзи Ваҳдати миллӣ  аз  22 то 26 июни соли 2022, Домников Анатолий Иванович – раиси  Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Федератсияи Руссия, Президенти Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои  касабаи  кормандони тандурустӣ, Жанкевич Ольга Викторовна – котиби  Кумитаи марказии  Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Федератсияи Руссия, сардори Раёсати кор бо ҷомеа, ҷавонон ва ҳамкорҳои байналмилалӣ, Ханапияев Фарҳод Раҳмонович – раиси Шўрои Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ўзбекистон,  Таджибай Бақитжан Аринулӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, Шалтабаев Асан Муканович – раиси филиали Талдикурғони Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, бо мақсади шиносоӣ, мустаҳкам намудани муносибатҳои дўстӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин  ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ ба ҷумҳурии мо ташриф  оварданд.

     Дар давоми сафари кори меҳмонон бо Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – раиси  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ – ректори  ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор, узви Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўриҳо гузаронида, аз муассисаҳои тандурустии шаҳри пойтахт: Маркази саломатии №10, Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, боздид намуда, бо шароити меҳнати кормандони ин муассисаҳо шинос шуданд.

     Бо иштироки меҳмонон, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – раиси  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳа  рўзи   24    июн дар толори меҳмонхонаи Серена  мизи мудаввар бо табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ  Дар фарҷом Созишномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ байни Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қазоқистон  ба муддати се сол баста шуданд. 

   Дар якҷоягӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 7 октябр Рўзи умумиҷаҳонии амалиёт барои  барои меҳнати  арзанда   ва 24 – октябр:  Рўзи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси байналмилалӣ доир ба масъаҳои  бемории синдроми  баъдиковиди бо иштироки намояндагони Иттифоқхои касабаи кормандони тандурустии давлатҳои Осиёи миёна рўзҳои 20-21 октябри соли 2022 гузаронида шуданд.

               -Кумитаи шумо дар бобати расонидани кумаки молиявӣ ба эҳтиёҷмандон чӣ гуна корҳоро ба сомон расонидааст?– Мо бахшида ба рўзҳои Артиши миллӣ,  Рӯзи Модарон, Наврўзи байналмилалӣ, Рўзӣ ғалаба ва  иди касбӣ барои кормандону собиқадорони соҳа  чорабиниҳои идона дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо, ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа гузаронидем. Кумита тибқи иҷроиши Нусха аз протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2022, № 11 дар арафаи таҷлили Соли нави мелодии 2023 дар асоси  дархостҳои муассисаҳо, аз тарафи кумита ба маблағи 21 000 сомонӣ ба маъюбон, эҳтиёҷмандон ва кӯдакони бемор, варзишгарони маъюб – 4000 сомонӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Ёрии бетамаъ”- 4000 сомонӣ, Муассисаи давлатии “Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) –и шаҳри Душанбе- 3000 сомонӣ, барои дастгирии моддӣ ва маънавии афсарон -1000 сомонӣ,  барои кӯдакони аз оилаҳои камбизоати МД МТ “Истиқлол – 5000 сомонӣ, МД ММТ ҶТ –Шифобахш – 4000 сомонӣ  ва 90 000 сомонӣ барои кӯдакони аз оилаҳои камбизоати кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ кӯмаки моддӣ барои харидорӣ намудани тӯҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.  Ҷамъ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 200 000 сомонӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва беморон кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.