Бо арзу эҳтиром ва самимияти беназир Шумо рӯзноманигорони кишварро бо иди саиди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод менамоем.
Ҳақиқатан ҳам васоити ахбори омма дар инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир дорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд”.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон заҳмати бағоят душвору масъулиятноки рӯзноманигоронро ба хубӣ дарк намуда, бо тамоми намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди фаъолият ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд.
Итминони комил дорем, ки кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар минбаъд низ барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақоми кишвари азизамон – Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳои рӯзгори мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли рӯзноманигоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод ва тансиҳативу хотирҷамъӣ, илҳоми саршор ва дар амалӣ гаштани орзую ниятҳои некатон пирўзиву комёбиҳо таманно менамоем.
Бо эҳтиром,
Раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода