Аз номи кулли кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Наврўзи байналмилалӣ, ки бо қадамҳои баҳорона ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони ҳар як кишварамон шодиву нишот ва файзу баракот, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадя меорад, муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодати рўзгор ва фатҳи қуллаҳои азими меҳнатиро таманно дорем.
Дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат Наврўз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрўз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондўстӣ, рамзи дўст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Ҷашни Наврўз таблиғгари некӣ, рўшноӣ, адолат, сулҳу ваҳдат буда, ба инсонҳо ободкориву созандагӣ, накўкорӣ ва хайрхоҳӣ меомўзонад, ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст.
Воқеан ҳам Наврўз, ки ҷашни миллии тоҷикон мебошад, нишонаи олии хубию покӣ, дўстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Тибқи андеша ва эътиқоди ниёгонамон Наврўз рамзи пирўзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар неруҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ байни мардуми мо шинохта шудааст.
Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз табрик гуфта, нияти онро дорем, ки бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадон афзун, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҷовидонӣ гардонад.
Сарбаланду хонаобод бошед!
Бо камоли эҳтиром,
Раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода